Ҷустуҷӯи ронандае, ки духтари яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшонро пахш кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҷустуҷӯи ронандае, ки духтари яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшонро пахш кард

Бино бар иттилои расонаҳои Тоҷикистон, дар кишвар ронандае ҷустуҷӯ мешавад, ки духтари яке аз лидерони ғайрирасмии ВМКБ-ро пашх карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як сокини шаҳри Хоруғро ҷустуҷӯ доранд, ки духтари 12-солаеро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кард.

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шаби 24 ба 25-уми ноябр сокини маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ дар ҳолати мастӣ сари чанбараки мошин нишастааст.

Ӯ ба талаботи кормандони БДА итоат накарда, ба худрави шахсии корманди ШВКД шаҳри Хоруғ осеб расонида, ҳаракат бо суръати баландро идома додааст.

Ронандаи фирорӣ идома суръати ҳаракати автомашинаро боз баландтар карда, дар маҳаллаи Тирчиди Хоруғ, пиёдагарди ноболиғ Кимиёи Хурсанд, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 5-уми мактаби президентии шаҳри Хоруғро зер намудааст.

Ронанда ба ҷои кӯмак аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Айни замон ноболиғ таҳти назорати табибон қарор дошта, ҷустуҷӯи ронанда идома дорад.

Читайте также  Раҳмон, Ятимов ва генералҳои дигар мубориза бо саркардаҳои гуруҳи ҷиноиро баррасӣ карданд