Беҳтарин шиносномаи дунё: шаҳрвандони АМА бе доштани раводид дунёро чарх мезананд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Беҳтарин шиносномаи дунё: шаҳрвандони АМА бе доштани раводид дунёро чарх мезананд

Мувофиқи раддабандии Passport Index, бо шиносномаи АМА бе доштани раводид ба 167 кишвари дунё сафар кардан мумкин аст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Мувофиқи маълумоти раддабандии Passport Index оид ба шиносмномаҳои миллӣ, беҳтарин шиносномаро шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Араб соҳибанд (АМА).

Айни ҳол соҳибони ин шиноснома ба 167 кишвари дунё бидуни раводиди (виза) пешакӣ сафар мекунанд.

Ҷои дуюмро дар ин раддабандӣ Сингапур ишғол кардааст. Дорандагони шиносномаи ин кишвар метавонанд ба 166 кишвар бидуни  раводиди пешакӣ сафар кунанд. Шаҳрвандони Олмон низ ба ҳамин қадар кишвар метавонанд бидуни раводиди пешакӣ сафар кунанд.  

Русия дар ҷои 38-ум қарор гирифтааст. Шаҳрвандони Русия ба 116 кишвар бе доштани раводид сафар мекунанд.

Международные авиа грузоперевозки

Тоҷикистон дар ҷои 69 қарор гирифтааст ва шаҳрвандони кишвар ба 62 мамлакати дунё бе гирифтани раводид сафар мекунанд.

Узбакистон бошад дар ҷои 68 қарор гирифтааст ва шаҳрвандонаш ба 63 кишвар бе доштани раводид сафар мекунанд.

Мувофиқи ин раддабандӣ шаҳрвандони Афғонистон ба 29 кишвари дунё бе доштани раводид сафар мекунанд.

Раддабандии Passport Index кишварҳоеро ба ҳисоб гирифтааст, ки шаҳрвандонашон бе раводиди пешакӣ ва ё дар рафти сафар ҳангоми воридшавӣ ба давлати хориҷӣ ин раводидро ба даст меоранд.

“Ин ягона раддабандии шиносномаҳои ҷаҳонӣ буда, мувофиқи тартиботи вақту замон бо ивазшавии қоидаву қонуни кишварҳо ин ҳам ҳисоботашро нав мекунад”, – омадааст дар саҳифаи интернетии раддабандӣ.

Дар раддабандӣ ҳамагӣ 193 кишвари аъзои СММ ва шаш минтақа (Тайван, Макао, Гонконг, Косово, Фаластин ва Ватикан) ба ҳисоб гирифта мешаванд.

 

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago