Дар бозор касе пуламро намегирифт: хотироти Сёмин мураббии пешини “Помир”

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Дар бозор касе пуламро намегирифт: хотироти Сёмин мураббии пешини “Помир”

Юрий Сёмин, мураббии шоистаи Тоҷикистони шӯравӣ дар рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 10 декабр таҷлил мешавад, солҳои кораш бо тими овозадори “Помир”-ро ба ёд овард

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Сёмин, ки феълан сармураббии дастаи “Локомотив”-и Русия мебошад, аз соли 1983 то 1985 дастаи овозадори Тоҷикистон, “Помир”-ро тамрин медод.

Сёмин гуфт, он солҳо бо муҳаббати беандозаи тоҷикистониён ба футбол ва дастаи “Помир” дар хотираш нақш бастаанд.

Международные авиа грузоперевозки

“Дар бозиҳои мо ҳамеша майдон пур буд. Раҳмон Набиев, котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ ба футбол таваҷҷуҳ дошт ва зуд-зуд ба тамрингоҳу ба майдон омада, бо бозигарон суҳбат мекард”, – изҳор дошт Сёмин.

Ӯ таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи роҳбарият омили бисёр муҳим дар рушди футбол мебошад.

Собиқ мураббии “Помир” афзуд, ки дар хотираш лаҳзаҳои неки зиёде аз ҳаёти рӯзмараи он солҳо нақш бастаанд.

“Ёд дорам, вақте ба бозор мерафтам, касе аз ман барои помидор бодиринг ва ҳар моли дигар маблағ намегирифт. Ман дигар шарм медоштам, ки бозор биравам”, – ба ёд овард Сёмин.

Ӯ зикр кард, ки кораш ба ҳайси мураббии “Помир” ба солҳои аввали фаъолияти мураббигияш рост омад ва он таҷриба дар рушди минбаъда ба ӯ хеле кӯмак кард.

Читайте также  Аз касб то вирусҳо: ҳимояи Ҳукумат аз иловаҳои нав ба масъулияти волидон