Эълони ғолибони мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ дар риштаи куштии озод

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Эълони ғолибони мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ дар риштаи куштии озод

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ғолибони мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ дар риштаи куштии озодро эълон кард

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқаи мазкур 8-9 декбар бо иштироки беш аз сад паҳлавон аз Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон аз рӯи нуҳ дараҷаи вазнӣ баргузор гардид.

Международные авиа грузоперевозки

Манбаъ афзуд, ки дар 6 дараҷаи вазнӣ варзишгарони Тоҷикистон пирӯз шуданд.

Ғолибон аз Тоҷикистон Муҳаммад Икромов -57кг, Ҷамшед Шарифов – 65 кг, Саидасан Ашрафхонов – 70кг, Ғуломҷон Шарифов -74кг, Баҳодур Қодиров – 86кг ва Раҳмонҷон Маҳмадбеков дар вазни 97 кило мебошанд.

Ба иттилои Кумита дар ду дараҷаи вазнӣ – 79 ва 125 кило варзишгарони Узбакистон ва дар вазни 61 кило варзишгари Қирғизистон ғолиб омаданд.

Абдурозиқ Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи тарзи озод ҳадаф аз баргузории мусобиқаро, омода шудани варзишгарон ба мусобиқаҳои интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 арзёбӣ намуд.

Читайте также  Роҳхати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври ниҳоии қаҳрамонии Осиё - 2019