Мақомоти Суғд барои саҳми арзандаи пахтачинӣ мошин тӯҳфа кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Мақомоти Суғд барои саҳми арзандаи пахтачинӣ мошин тӯҳфа кард

Мақомоти вилояти Суғд ба шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақша пахатчинӣ мошинҳои сабукрав тақдим кард

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ахиран дар назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят маросими тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он ба пешқадамони мавсими ҷамъоварии пахта 7 адад худрав тақдим карда шуд.

Дар ин бора сомонаи расмии дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои манбаъ, соли равон нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 100 ҳазору 38 тонна муқаррар гардида буд, аммо пахтакорони вилоят нақшаи солонаро 112,6 дарсад иҷро намуданд.

“Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили имсола ва оростани хирмани бошукӯҳи «тиллои сафед» саҳми ҳамаи шаҳру ноҳияҳои пахтакор, бахусус Ашт, Зафаробод, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен назаррас буда, ҳама аз фатҳи марра паиҳам муждаи зафар расонданд”, – хабар додааст манбаъ.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханрониаш дар маросими тақдими Сипоснома ва мошинҳои сабукрав, барои сари вақт ва бе талаф ҷамъ овардани пахта, ба ҳамаи кишоварзон, пахтакорон, обронҳою механизаторон, корхонаҳои пахтатозакунӣ, кормандони хоҷагии об, маорифу нигоҳдории тандурустӣ, кулли ёрдамчиёни корхонаю ташкилотҳои шаҳру ноҳиявӣ ва вилоятӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақша Сипосномаи ҳукумати вилояти Суғд ва як ададӣ мошинҳои сабукрав тақдим кард.

Читайте также  Даниэл Рустамов мағлуб шуд, аммо ӯро наҷот доданд - Навор