Шарҳи “Тоҷикфилм” дар бораи манъи намоиши филми ҷадид аз ҳаёти Фреддӣ Меркюрӣ

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Шарҳи “Тоҷикфилм” дар бораи манъи намоиши филми ҷадид аз ҳаёти Фреддӣ Меркюрӣ

Мақомоти Тоҷикистон бо тасдиқи манъи намоиши филми ҷадиди тарҷумаиҳолӣ – “Bohemian Rhapsody”, сабаби онро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.  Намоиши филми амрикоӣ-бритониёии “Bohemian Rhapsody” ба далели доштани саҳнаҳои иғвобарангез дар кинотеатрҳои Тоҷикистон мамнуъ шудааст.

Дар ин бора ба РИА Новости аз комиссияи иҷозатномадиҳии “Тоҷикфилм” хабар додаанд.

Международные авиа грузоперевозки

“Дар ин филм саҳнаҳои провакатсионӣ ҷой доранд ва барои ҳамин намоишаш дар Тоҷикистон мамнуъ шуд”, – иттилоъ додааст манбаъ.

Амммо мушахассан кадом саҳнаҳо мояи нигаронӣ шудаанд, масъулини комиссия шарҳ надодаанд.

Дар Тоҷикистон тайи се соли охир филмҳои хориҷӣ қабл аз намоиш аз зери назари комиссияи иҷозатномадиҳии “Тоҷикфилм” мегузаранд.

“Bohemian Rhapsody”,  роҳ сӯи муваффақияти гуруҳи бритониёии мусиқии рок – “Queen”-ро фаро гирифта, дар он асосан ба ҳаёти Фреддӣ Меркюрӣ тамаркуз шудааст. Филми мазкури коргардон Брайан Сингер аз таҳдиди парокандашавии гуруҳ то ҳамоиши бомуваффақият дар консерти Live Aid-ро қисса мекунад.

Суруди “Bohemian Rhapsody”-и гуруҳи Queen, ки номи филм аз он гирифта шудааст,  ба иттилои ширкати амрикоии сабти мусиқӣ – “Universal Music Group” сершунавандатарин дар асри гузашта шудааст.

Читайте также  Толеъномаи муфассали соли 2019 барои 12 бурҷи солшуморӣ