Амри раисиҷумҳур дар бораи идҳои наву фестивалҳо: 30 адад дар 3 соли оянда

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Амри раисиҷумҳур дар бораи идҳои наву фестивалҳо: 30 адад дар 3 соли оянда

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амр додааст, ки дар се соли оянда беш аз 30 фестивал ва иду озмун дар сатҳи нав баргузор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Бар асоси амри раисиҷумҳур, ки 13 декабр имзо шудааст, ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шуд.

Хабаргузории “Ховар” иттилоъ додааст, ки тибқи ин ҷадвал моҳи январ ҷашни Сада, моҳи феврал Намоиши ниҳолҳо “Самари умри деҳқон” ва Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…”, моҳи март Фестивали “Чакомаи гесӯ” ва ғайра баргузор карда мешаванд.  

Международные авиа грузоперевозки

Инчунин сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон бори аввал шоҳид ва иштирокчии бевоситаи Фестивали либосҳои миллӣ ва муосир  дар моҳи июл,  Фестивали яхмос ва обҳои ташнишикан – август,  фестивал-намоишҳои  ангур ва дигар анвои меваҷот — сентябр, шолӣ ва биринҷ — октябр, чорвои зотӣ — ноябр, шириниҳои миллӣ ва муосир – декабр ва ҳамчунин озмунҳои ҳунарҳои ороишӣ аз санг – моҳи январ, дастархонороӣ  — феврал, омода кардани хуришҳои миллӣ ва муосир — май, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, кулолгарӣ, мисгарию оҳангарӣ -июн, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ дар моҳи июл мегарданд.

Бар асоси амри раисиҷумҳур яке аз идҳои қадимии халқи тоҷик – “Сайри гули лола” дар шакли фарогир ва ҷаззоб  гузаронида хоҳад шуд.

Масъалаи иҷрои амри мазкури раисиҷумҳур имрӯз дар ҷаласаи корӣ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Эмомалӣ Раҳмон дар бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа баррасӣ шуда, роҳбарони вазорату идораҳо масъул гардидаанд, талаботи онро дар муҳлати муқарраршуда иҷро намоянд.

Читайте также  Барканории шаш додситон дар Суғд

Зимни ин ҳамоиш таъкид гардидааст, ки вазорату идораҳои масъул бояд низомномаи фестивал, намоиш, ид ва озмунҳоро таҳия ва сари  вақт ба мақомоти маҳаллӣ ирсол намоянд.

Фестивал ва озмунҳо дар се давра — дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳракҳо, давраи дуюм – дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ва давраи ниҳоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мешаванд.