“Беэҳтиромӣ”: кордкашии муҳоҷири тоҷик сӯи ҳамватан барои накашидани пойафзол

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


“Беэҳтиромӣ”: кордкашии муҳоҷири тоҷик сӯи ҳамватан барои накашидани пойафзол

Додгоҳи ноҳияи Жуковскийи вилояти Брянск як шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистонро барои кордзанӣ ба синаи ҳамкору ҳамватани ҷавонаш ба 3 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои додситониии вилояти Брянск, додгоҳ муҳоҷири тоҷикро дар қасдан расондани зарари вазнини таҳдидовар ба ҳаёти инсон гунаҳкор донистааст.

Международные авиа грузоперевозки

Манбаъ афзуд, зимни мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, шоми 18-уми сентябри соли равон миёни маҳкумшуда ва ҳамкору ҳамватани 27-солааш дар ҷои корашон – коргоҳи коркарди чӯб дар деҳаи Петуховкаи ноҳияи Жуковск муноқиша рух додааст.

Ба иттилои додситонӣ,  зимни муноқиша маҳкумшуда бо корд ба синаи ҷавони 27-сола зарба задааст.

Додситонии Брянск афзуд, сабаби муноқиша дар он будааст, ки муҳоҷири ҷавон пойпӯшро накашида, вориди утоқашон шудааст. Марди 51-сола инро беэҳтиромӣ қабул кардаасту сӯи ҳамкор корд кашидааст.

Додгоҳ муттаҳамро дар расондани зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳкор дониста, ба 3 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Читайте также  Даъвати Тоҷикистон аз соҳибкорони Озарбойҷон барои сармоягузорӣ