Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қатар ба анҷом расиданд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қатар ба анҷом расиданд

Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Давлати Қатар таҳти роҳбарии Шамсиддин Орумбекзода ба ватан баргаштанд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҳайати эҷодӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар ба Душанбе баргаштанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.

Аъзои ҳайати эҷодӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар аз 22 то 28 ноябри соли ҷорӣ дар ин кишвар қарор доштанд.

Международные авиа грузоперевозки

Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳоро Вазири фарҳангии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сарварӣ намуда, ба он Давлатманд Холов, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии “Парасту” шомил буданд.

Манбаъ афзудааст, ки дар доираи ин чорабинӣ ҳайати фарҳангии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг ба фаъолияти Китобхонаи миллии ин кишвар шинос шуда, китоби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” (бо забони арабӣ) ва китоби академик Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон” -ро ба мудири ин китобхона такдим намуданд.

Чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон аз ҷониби расонаҳои хабарии Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос ёфта, дар барномаҳои телевизионӣ низ намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, рўзномаи “Ал Ватан”-и Давлати Қатар ҷараёни Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонро дар ин кишвар муфассал инъикос намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал баргузор шуд.

 

Читайте также  Аз иқтисод то муҳити зист: сафири Тоҷикистон дар Олмон бо вакилони Бундестаг мулоқот кард