Раиси вилояти Суғд дар назди Маҷлиси вакилони халқӣ ҳисобот медиҳад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раиси вилояти Суғд дар назди Маҷлиси вакилони халқӣ ҳисобот медиҳад

Рӯзи 27 декабри соли равон иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Тибқи қарори навбатии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 27 декабри соли равон  иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Международные авиа грузоперевозки

Бино бар иттилои манбаъ, дар маҷлиси мазкур раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2018 ҳисобот пешниҳод хоҳад кард.

Инчунин дар иҷлосияи мазкур масъалаҳои қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2019, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2018 баррасӣ хоҳанд шу.

“Аз ҷониби комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят доир ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Адрасмон”, №16 Бахтиёр Маҷидов доир ба иҷрои ваколати вакилӣ, ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳисобот пешниҳод мегардад”, – таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамчунин дар иҷлосияи мазкурмасъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд баррасӣ хоҳанд шуд.

Читайте также  Даъвати Тоҷикистон аз соҳибкорони Озарбойҷон барои сармоягузорӣ