Сабаби маргаш чӣ буд?: барқияи Раҳимзода ба Колоколсев дар пайи марги Илҳомуддин Шоев

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Сабаби маргаш чӣ буд?: барқияи Раҳимзода ба Колоколсев дар пайи марги Илҳомуддин Шоев

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар барқия аз ҳамтои русаш пурсон шудааст, ки сабаби марги шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми бозпурсии полис дар чӣ буд ва аз Колоколсев хоҳиш кардааст, ки санҷиши қазияро зери назорати шахсиаш қарор диҳад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколсев дар пайи қазияи марги як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми бозпурсӣ дар шӯъбаи полис барқия ирсол кардааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар он Раҳимзода пурсон шудааст, ки мақомоти дахлдори Русия далели марги шаҳрванди Тоҷикистонро дар шӯъбаи полис тавзеҳ диҳад.

“Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҷиҳати шарҳ додани сабаби марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Илҳомуддин Шоев ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи полиси ноҳияи Вешнякии шаҳри Москва ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев В.А. барқия ирсол намуд”, – омадааст дар хабари манбаъ.

Международные авиа грузоперевозки

Ҳамчунин, вазир аз ҳамтои русаш хоҳиш кардааст, ки санҷиши қазияи мазкурро зери назорати шахсияш бигирад.

Ёдрас мешавем, ҳодиса 21-уми ноябр дар идораи пулиси ноҳияи Вешняки Маскав рух дод.

Бар асоси фарзияи пешакӣ сабаби марги шаҳрванди Тоҷикистон, ки 38 сол доштааст, бемории қалб будааст.

Феълан тафтиши ин ҳодиса оғоз гардидааст. Мақомоти пулиси Маскав, даҳҳо муҳоҷир ба шумули шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистонро бо ҷалби воҳидҳои махсус, бо иттиҳоми роҳзанӣ боздошт кардаанд.

Инчунин Шӯрои ҳуқуқи инсони назди раисиҷумҳури Русия таҳқиқи марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дар идораи пулиси Маскав зери назорат мегирад.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago