Байни марзи Тоҷикистону Афғонистон посгоҳи нав фаъол шуд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Байни марзи Тоҷикистону Афғонистон посгоҳи нав фаъол шуд

Маросими ифтитоҳи посгоҳ бо иштироки Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Қубодиён посгоҳи «Фазо» фаъол гардид.

Международные авиа грузоперевозки

Дар маросими  ифтитоҳи посгоҳи нав Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт ширкат намуданд.

Тавре «Ховар»  иттилоъ медиҳад, посгоҳи нав, ки барои бунёди он Бюрои байналмилалии мубориза бо маводи мухадир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА  500000 доллар маблағгузорӣ намудааст, аз сарбозхонаҳо, идораи афсарон, ҳоҷатхона, ошхона, чоҳи об ва обанбор барои нигоҳдории об иборат аст. Ин иншоот маскани се афсар ва 35 сарбози қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хоҳад буд.

Посгоҳи «Фазо», ки дар асоси созишнома бо СММ  сохта шудааст.

Читайте также  Коршинос: Русияву Тоҷикистон ниёз ба якдигар доранд