Ҳаким Фузайлов мураббии Истиқлол шуд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҳаким Фузайлов мураббии Истиқлол шуд

Роҳбарияти дастаи Футболи “Истиқлол” Ҳаким Фузайловро ба ҳайси мураббии тим таъйин кард

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ҳаким Фузайлови 54-сола, ба ҳайси мураббии нави дастаи “Истиқлол” таъйин карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти тими футболи “Истиқлол”.

Ҳаким Фузайлов, қаблан мурабии дастаи тими миллии кишвар буд.

Международные авиа грузоперевозки

Шартнома бо мураббӣ имрӯз, 3 декабри соли равон дар дафтари тими “Истиқлол” ба имзо расидааст.

“Ҳаким Фузайлов дар рӯзҳои наздик ба даста муаррифӣ хоҳад шуд ва ба иҷрои вазифаҳои худ оғоз хоҳад кард. Ба Фузайлов дар тим мураббиён Алишер Тухтаев, ва Александр Кит кумак мекунанд”, – таъкид намудааст манбаъ.

Ҳаким Қаюмович Фузайлов  12 августи соли 1964 ба дунё омадааст. Вай аз соли 1986 то соли 1991 дар тими “Помир” Душанбе бозӣ мекард. Соли 1992 ба дастаи “Локомотив”-и Маскав пайваст. Бо тими “Локомотив” дар соли 1994 соҳиби медалҳои биринҷии чемпионати Русия гаштааст. Ҳаким Фузайлов, аз соли 2016 то моҳи марти соли 2018 мураббии дастаи миллии футболи кишвар буд.   

 

Читайте также  НБО "Роғун" бо рақам