Иштибоҳ кардем: вокуниши сафорати Амрико ва пӯзиши Кумитаи дин

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Иштибоҳ кардем: вокуниши сафорати Амрико ва пӯзиши Кумитаи дин

Кумитаи дини Тоҷикистон дар як номае ба хабаргузории “Ховар” аз хонандаҳо пӯзиш хостааст, ки дар матни вокуниши Кумита, ба ҷои Комиссияи Амрико доир ба озодии байналмилалии динӣ, Департаменти давлатии Амрико ё Вазорати корҳои хориҷа навишта шудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Кумитаи дини Тоҷикистон аз сафорат ва хонандаҳо пӯзиш хостааст, ки дар матни вокуниши Кумита, ба ҷои Комиссияи Амрико доир ба озодии байналмилалии динӣ Департаменти давлатии ин кишвар навишта шудааст.

“Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар матни вокуниши Кумита вобаста ба озодиҳои динӣ, ки дар сомонаи “Ховар” нашр гардид, саҳван ба ҷои Комиссияи Амрико доир ба озодии байналмилалии динӣ Департаменти давлатии Амрико навишта шудааст. Аз ин лиҳоз, аз шумо хоҳиш менамоем, ки матни мазкур бо назардошти иштибоҳи зикршуда таҳрир карда шавад”, – таъкид кардааст кумита.

Международные авиа грузоперевозки

Пӯзиши Кумитаи дин баъд аз он сурат гирифт, ки намояндаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон Ҷеф Риденор ба хабаргузории “Ховар” номае ирсол намудааст, ки дар он аз иштибоҳи Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид шудааст.

Корманди сафорат дар номаи худ афзудааст, гузорише, ки Кумитаи дин бар он вокуниш нишон додааст моли Департаменти давлатии Амрико нест.

“Мехостам роҷеъ ба мақолаи интиқодии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи агентии миллии иттилоотии “Ховар”  зери сарлавҳаи “Иҷозатнома барои риш?!” чоп шудааст, як нуктаи муҳимро баён кунам. Ин гузориш гузориши Департаменти давлатии Амрико нест. Гузорише, ки Кумитаи дин ба он такя мекунад, гузориши Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ (USCIRF) мебошад”, – таъкид намудааст короманди сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Вай инчунин иддаои Кумитаи дин, ки гӯё Департаменти давлатӣ доир ба озодии динӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид намекунад, қатъиян рад кардааст.

Вай гуфтааст, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар омода намудани гузориши Департаменти давлатӣ доир ба озодии динӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид мекунад.  

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago