Кӣ чӣ вазифа гирифт? феҳрасти генералу полковникҳое, ки имрӯз мансаб гирифтанд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Кӣ чӣ вазифа гирифт? феҳрасти генералу полковникҳое, ки имрӯз мансаб гирифтанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти генералу полковникҳоеро, ки имрӯз ба мақомҳои нав дар ин ниҳод таъин шуданд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон сардорони милисаи 23 шаҳру навоҳии кишвар иваз карда шуданд.

Аз ҷумла подполковник Умари Хайём Амиршо, сардори “Коллеҷи милитсия” дар шаҳри Кӯлоб, полковник Баротзода Тоҳир Барот, сардори Шуъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбе, полковник Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, подполковник Сафарзода Фахриддин Холмумин, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав таъин гардидаанд.

Международные авиа грузоперевозки

Генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршо, аз мақоми сардори милисаи шаҳри Турсунзода барканору сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара таъин шудааст.

Тибқи ин рӯйхат полковники милитсия Маҳмадзода Алимардон Маҳмад – сардори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, подполковник Алихон Рустам – сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода, полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор – сардори ШВКД дар шаҳри Истаравшан, подполковники милитсия Олимов Исохуҷа Асрорович – сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳристон, подполковники милитсия Насимзода Қосим Наимӣ – сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, подполковники милитсия Одиназода Сайдаҳтам Сироҷ – сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ, полковники милитсия Эмомзода Раҷабалӣ Эмом – сардори ШВКД дар ноҳияи Деваштич, подполковники милитсия Пирзода Сафар Қузратулло – сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом, полковники милитсия Ҷалилзода Эмин Карим – сардори ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ ва подполковники милитсия Бурҳониён Олим Полвон мақоми сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд гирифтааст.

Подполковник Сайфуллозода Рустам Сайфулло, сардори ШВКД дар ноҳияи Муминобод, полковник Иброҳимзода Хуршед Икром – сардори ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, полковники милитсия Маҳмудзода Шамсулло Хайрулло – сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ, полковники милитсия Воҳидзода Темур Сафар – сардори ШВКД дар ноҳияи Восеъ, подполковники милитсия Раҳимзода Ҷамшед Расул – сардори ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ, полковник Мирзозода Абдураҳим Қурбон – сардори ШВКД дар ноҳияи Кушониён, полковник Раҷабзода Рустам Сафаралӣ,  сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара, полковник Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло – сардори ШВКД дар шаҳри Норак, полковник Шомадзода Фирдавс Маҳмад, сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара таъин шудааст.

Читайте также  Мактаббачаи тоҷик дар як сол тавонистааст забони русиро пурра омӯзад

ВУД афзуд, кадрҳои навтаъин то ҳол дар ҳамин ниҳод аз корманди қаторӣ то ба сатҳи роҳбарикунанда фаъолият доштаанд.