Ҷорҷ Буш – раисҷумҳури пешини Амрико даргузашт

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҷорҷ Буш – раисҷумҳури пешини Амрико даргузашт

Раисҷумҳури пешини Амрико Ҷорҷ Буш дар 95-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Чилу якумин раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буши калонӣ дар 95-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости. Дар ин бора писари раисҷумҳури собиқ Ҷорҷ Буши хурдӣ дар саҳифаи Твиттер хабар додааст.

“Ҷен, Нейл, Доро ва ман бо андӯҳи гарон хабар медиҳем, ки падарам пас аз 94 соли умри пурбаракат даргузашт”, – гуфта шудааст дар хабари Буш.

Международные авиа грузоперевозки

Ҷорҷ Буш аз соли 1989 то 1993 раисҷумҳури Амрико буд. Пасон вай интихоботро ба Билл Клинтон бохт. Буш ҳамчунин 8 сол муовини раисҷумҳур Роналд Рейган буд.

Буш солҳои охир дар бистари беморӣ будааст. Баҳори соли равон ҳамсараш Барбара Буш низ дар 73-солагӣ вафот кард.

Як сол пештар Ҷорҷ Бушро дарозумтарин президентони ИМА унвон карда буданд. Аз ӯ 5 фарзанд, 17 набера ва 8 абера монданд. 

Доналд Трамп ба хонаводаи Ҷорҷ Буш изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Читайте также  Пешбинии Ҳукумат: қурби доллар ҳамагӣ 3 дар сад боло меравад