Чин гуфт таваҷҷуҳи тоҷикон ба забони чинӣ ба маротиб зиёд шудааст

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Чин гуфт таваҷҷуҳи тоҷикон ба забони чинӣ ба маротиб зиёд шудааст

Дар Тоҷикистон ду маркази илмию фарҳангии Конфутсий-дар назди Донишгоҳи миллӣ ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо хоҳишмандон метавонанд забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои халқи Чинро омӯзанд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Хабаргузории давлатии “Синхуа”, ки калонтарин дар Чин мебошад, аз зиёд шудани таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба омӯхтани забони чинӣ хабар додааст.

“Синхуа” бо зикри ба маротиб зиёд шудани таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба забони чинӣ изҳор доштааст, ки феълан дар Чин беш аз 3 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил доранд. Манбаъ афзудааст, ки Чин ба дуюмин кишвари қабулкунандаи донишҷӯён аз Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Международные авиа грузоперевозки

Дар маводи нашркардаи “Синхуа” бо зикри таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишварҳои дигар ба забони чинӣ таъкид шудааст, ки он на танҳо ҳамчун пули фарҳангӣ, балки имкони хуб барои дарёфти кори беҳтар хидмат мекунад.  

Ин дар ҳолест, ки Чин дар соли таҳсили 2018-2019 бурсия барои донишҷӯён аз Тоҷикистонро зиёд карда, ба 350 адад расондааст.

Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, феълан дар муассисаҳои олии таълимии Чин беш аз 3000 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд.

Инчунин дар Тоҷикистон ду маркази илмию фарҳангии Конфутсий-дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо хоҳишмандон метавонанд забон, фарҳанг, расму ойин ва анъанаҳои халқи Чинро омӯзанд.

Читайте также  Обуҳавошиносон: резиши борону барф дар назар аст