Кореяи Ҷанубӣ дар Суғд гармхонаҳои замонавӣ месозад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Кореяи Ҷанубӣ дар Суғд гармхонаҳои замонавӣ месозад

Миёни ширкати тоҷикии “Барс” ва ширкати кореягии “Мён Сунг” шартнома дар бораи бунёди ду гармхона бо усули гидропоникӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ширкати “Мён Сунг”-и Кореяи Ҷанубӣ тасмим гирифтааст, адр вилояти Суғд ду гармъхонаи замонавӣ бунёд намояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бинго бар иттилои манбаъ,  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати “Мён Сунг”- и Кореяи Ҷанубӣ Чон Ёнг Сун ва соҳибкорони вилоятро ба ҳузур пазируфт.

Пештар ҳам миёни ҳукумати вилояти Суғд ва ширкати “Мён Сунг” мулоқот дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва бунёди гармхонаҳои замонавӣ дар вилояти Суғд сурат гирифта буд.   

Международные авиа грузоперевозки

Зимни мулоқот раиси вилоят бо ёдоварӣ аз имкониятҳои вилояти Суғд ва вазъи соҳаи кишоварзӣ таъкид намуда, афзудааст, ки ташкили гармхонаҳои муосир барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он мусоидат хоҳад кард.

Дар раванди мулоқот миёни роҳбарияти ширкатҳои “Барс” ва “Мён Сунг” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд ва ҳамин тавр бори аввал дар вилоят бо усули гидропоникӣ ва бо ҷалби мутахассисони кореягӣ дар масоҳати 2 гектар гармхона бунёд мегардад.

Ба иттилои мутахассисон истифодаи технологияҳои муосир имконият медиҳад, ки аз ҳар гектари чунин гармхонаҳо то 300-400 тонна помидор истеҳсол карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки “Мён Сунг” яке аз ширкатҳои маъруфи Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб рафта, бо соҳибкорони кишварҳои гуногун дар самти бунёди гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои ҷадид ҳамкорӣ менамояд.

 

Читайте также  Гулмира ҳамсари бародарашро бо чанд зарбаи корд кушт