Обуҳавошиносон: боридани барфу борон ва фаромадани меғ дар назар аст

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Обуҳавошиносон: боридани барфу борон ва фаромадани меғ дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф ва фаромадани меғ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, охири рӯз боридани борон дар назар аст. Ҳарорат  шабона 6+8  ва рӯзона +14+16  дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар   водиҳо охири рӯз борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон,  барф ва фаромадани туман дар   назар аст.    Ҳарорат шабона +5+10  ва рӯзона  ба  12+17  дараҷа гармӣ мерасад.

Международные авиа грузоперевозки

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф    дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  +3+8  ва дар шарқи ин вилоят шабона -8-13   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,      боридани борону  барф       дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона +4+9  ва рӯзона  10+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, рӯзона борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони шиддатнок дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона +14+19   дараҷа гарм хоҳад шуд.

 

Читайте также  Шаҳри амну зудрушдкунанда: Рустами Эмомалӣ гуфт, 2018 соли хотирмон буд