Парлумони Узбакистон Тоҷикистонро шарики стратегӣ эътироф кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Парлумони Узбакистон Тоҷикистонро шарики стратегӣ эътироф кард

Сенати Олий Маҷлис, палатаи болоии парлумони Узбакистон созишнома дар бораи шарикии стратегӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонд

Международные авиа грузоперевозки

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Алишер Курманов, раиси Кумитаи Сенат дар масоили муносибатҳои байналмилалӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва сайёҳӣ, 13 декабр зимни баррасии созишномаи мазкур дар парлумон гуфт, ин санади муҳим барои таҳкими дӯстию ҳамсоядории хуби Тоҷикистону Узбакистон мусоидат карда, муносиботи ду кишварро ба сатҳи нав мебарорад.

Созишномаи мазкур 17 август дар Тошканд зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Узбакистон имзо шуда буд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи шарикии стратегӣ бо Узбакистонро охири моҳи ноябр ба тасвиб расонд.

Читайте также  Боз як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ