Президент Сафарализода Муҳаббатро барои кирдори пастзанандаи шаъну эътибор барканор кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Президент Сафарализода Муҳаббатро барои кирдори пастзанандаи шаъну эътибор барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки Сафарализода Муҳаббат Сафаралӣ аз мақоми додраси додгоҳи шаҳри Турсунзода барканор шавад

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 ноябр имзо шуд,  сабаби барканории Сафарализода,  содир кардани амали пастзанандаи шаъну эътибор арзёбӣ шудааст.

“Сафарализода Муҳаббат Сафаралӣ бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Турсунзода озод карда шавад”, – фармон додааст Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъ ҷузъиёти бештарро ироа накардааст, аммо қаблан бо чунин далел додрасҳое барканор мешуданд, ки дар фаъолияташон ба фасодкорӣ роҳ дода буданд.

Международные авиа грузоперевозки

Дар Тоҷикистон додрасҳоро Эмомалӣ Раҳмон таъину барканор мекунад.

Қаблан Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба суол, ки чӣ гуна номзадии додрасҳо, ки баъдан бархеашон ба фасодкорӣ даст мезананд, то мизи раисиҷумҳур мерасад, посух дод, ки раванди пешниҳоди номзадҳо бисёр ҷиддӣ сурат мегирад. Ӯ бо зикри он, ки фасодкорию қонуншикании додрасҳо коҳиш ёфтааст, иттилоъ дод, ки то пешниҳод шудан ба мақоми додрас,  номзадҳо бояд давоми як сол ба ҳайси коромӯз кор кунанд.

“Коромӯзон дар асоси озмун қабул мешаванд. Дар ҳайати гурӯҳе, ки имтиҳонро баргузор мекунад, намояндагони Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратура, Донишгоҳи миллӣ ва Агентии хизмати давлатӣ шомил буда, довталабон аз имтиҳони ҷиддӣ мегузаранд. Баъди як сол ҳар яки онҳо аз ҷониби Коллегияи тахассусӣ мавриди омӯзиши дигарбора қарор дода мешаванд ва хулосаи комиссия ба раиси Суди Олӣ пешниҳод мегардад. Дар навбати худ раиси Суди Олӣ ва раиси Суди Олии иқтисодӣ номзадии ин ин ё он ҳуқуқшиносро ба Президент пешниҳод мекунад”, – иттилоъ дод Шоҳиён.

Читайте также  “Наш Фаридунчик”: сипоси солхӯрдаҳои Русия ба тоҷири тоҷик барои нони бепул - акс

Шоҳиён таъкид намуд, ки тамоми чораҳоро андешида истодаанд, то миёни додрасҳо қонуншиканӣ сурат нагирад.

Ба гуфтаи Шоҳиён афроди тасодуфӣ ба фаъолияти додгоҳӣ роҳ намеёбанд, зеро кори судяҳо пурмасъул буда, тақдири инсонро ҳал мекунад: “Судя мустақил аст, аз номи давлат қарор қабул мекунад ва дар навбати худ вазифадор аст, ки дар ҷомеа адолат ва қонуниятро таъмин кунад”, – таъкид намуда буд раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.