Эълони ҳукми модаркалони 58-сола барои қатли набераи 3-сола

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Эълони ҳукми модаркалони 58-сола барои қатли набераи 3-сола

Додгоҳи вилояти Хатлон Оҷарой Ашӯроваи 58-соларо барои қатли неберааш Беҳрӯзи сесола ба 18 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, Ашӯрова дар қатли наберааш гунаҳкор дониста шуда, барои 18 сол равонаи зиндони низомаш умумӣ гардид, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ин ҳодиса гузориш нашр кард, ки дар он Ашӯрова зимни шарҳи даст задан ба ҷиноят гуфт, ин қасос аз беҳурматии модари Беҳруз будааст.

Международные авиа грузоперевозки

“Охир маҷбурам, очааш бисёр ғам медод. Кӯдакро ин су он су бар мегуфт, ҷанг мекард, дӯғ мезад, мезанум мегуфт”, — изҳор дошт Ашӯрова дар навори нашркардаи ВУД

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Оҷарой Ашӯрова, сокини ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  12-уми сентябри соли равон небараашро барои пеши табиб бурдан бо худ гирифта, баъди чанд соат ба хона баргашта, ба модараш гуфтаст, ки Беҳрузҷон аз дасташ ба дарё афтид.

“Кофткобҳои чандрӯза натиҷа надодаанд ва ниҳоят 18-уми сентябр ҷасади пораи Ашӯров Беҳрӯз, соли таваллудаш 2015 дар ҷамоати Ифтихор пайдо карда шуд”,- иттилоъ дода буд ВУД.

Тафтишоти пешакӣ маълум кардааст, ки модаркалон Беҳрузҷонро ба ҷарӣ бурда, чанд дақиқа зери обу лой нигоҳ дошта ва сипас зинда зери хоку лой кардааст.

Оҷарой Ашӯрова дар идораи милиса гуноҳашро пурра эътироф кардааст.  

Читайте также  Бонки миллӣ ширкатҳои чиптафурӯширо ба ҳамкорӣ даъват намудааст