Эълони БДА ба ронандагон: дар ҷумҳурӣ амалиёти «Чароғ» баргузор мешавад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Эълони БДА ба ронандагон: дар ҷумҳурӣ амалиёти «Чароғ» баргузор мешавад

Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ вобаста ба вайрон намудани тартиби истифодабарии асбобҳои равшанидиҳандаи берунии нақлиёт, инчунин беҳдошти ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт мебошад

Международные авиа грузоперевозки

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Раёсати БДА Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1-ум то 10-уми декабри соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Чароғ» гузаронида мешавад.

Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ вобаста ба вайрон намудани тартиби истифодабарии асбобҳои равшанидиҳандаи берунии нақлиёт, инчунин беҳдошти ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт мебошад.
БД аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар баромадан ҳолати техникӣ, чароғҳои дурбин ва наздикбини воситаи нақлиёти хешро аз назар гузаронанд.

«Зеро ин амал барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии садамаҳо, алалхусус дар фасли сармо мусоидат хоҳад кард», — гуфта мешавад дар эълони ВУД.

Читайте также  Пианинонавози 9-солаи тоҷик дар Амрико ҷои аввалро ишғол кард