Эълони маҳдудият барои “Мерседес”-ҳои мусофирбар ва оғози кори автобусҳои нав дар Душанбе

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Эълони маҳдудият барои “Мерседес”-ҳои мусофирбар ва оғози кори автобусҳои нав дар Душанбе

Шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон аз ҷорӣ шудани маҳдудият барои ҳаракати мусофирбарҳои “Мерседес- Бенс” ва оғози кори автобусҳои нав дар бархе аз хатсайрҳои пойтахт иттилоъ додааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, ҳадафи ин иқдом кам кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад.

Международные авиа грузоперевозки

Манбаъ афзуд, аз 3 декабри соли равон дар хатсайри микроавтобусии №11, дар масири мактаби №61 — бозори “Балх”, шумораи “Мерседес-Бенс” маҳдуд карда шуда, хизматрасонии автобусҳои №11 роҳандозӣ гардид.

“Дар хатсайри микроавтобусии №10, дар масири Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ — маҳаллаи «Пахтакор» низ шумораи микроавтобусҳо кам карда шуда, фаъолияти автобусҳои хатсайри №10, Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ — маҳаллаи «Пахтакор» ба роҳ монда шуд”, — омадааст дар иттилоия.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ илова намуд, ки дар хатсайри автобусии №2, дар масири Терминали мусофирбарии шарқ — Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ, теъдоди автобусҳо аз аз 20 ба 26 адад зиёд карда  шуда, ҳаракати мусофирбарҳои хурди №33 тавассути кӯчаи Неъмат Қарабоев маҳдуд гардид.

Шаҳрдорӣ аз мусофирон хоҳиш кардааст, ки аз хизматрасониҳои автобусҳои нави замонавӣ истифода бурда, нақлиёти ҷамъиятиро дар истгоҳҳо мунтазир шаванд.

Читайте также  Таҳдиди то 15 соли зиндон ба бибие, ки дар зинда гӯр кардани наберааш айбдор мешавад