Ҳоҷӣ Неъмат бо ангурпарварони Суғд мулоқоти машваратӣ гузаронд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҳоҷӣ Неъмат бо ангурпарварони Суғд мулоқоти машваратӣ гузаронд

Бо ҳузури деҳқони маъруф Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва шаҳрҳои Конибодому Исфара семинарҳои машваратӣ ташкил карда шуда, оид ба тарзу усулҳои нави ангурпарварӣ маълумоти муфид дода шудааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Рӯзҳои 20, 21, 22 ва 23 ноябри соли равон бо иштироки деҳқони шинохта Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ангурпарварии вилоят семинарҳои машваратӣ доир гардидааст, хабар медиҳад  дафтари матбуотии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Манбаъ афзудааст, ки бо ҳузури деҳқони маъруф ва профессори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов ва ҷалби ангурпарварон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва шаҳрҳои Конибодому Исфара семинарҳои машваратӣ ташкил карда шуда, оид ба тарзу усулҳои нави ангурпарварӣ маълумоти муфид дода шудааст.

Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов бо ҳамроҳии муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода ва масъулини соҳаи кишоварзӣ ҳамзамон аз хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Ашрафбой” ва “Пешқадам”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Ифтихор”-и ноҳияи Ашт, “Куруш”-и шаҳри Конибодом ва “Иброҳимов”-и шаҳри Исфара боздид намудаанд.

Международные авиа грузоперевозки

Лозим ба ёдоварист, ки тирамоҳи имсол Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистон зимни боздид аз хоҷагии “Ватан”, ки роҳбари он Неъмат Усмонов мебошад мошини узбакистонии “Captiva” тақдим намуда буд.

Хоҷагии деҳқонии “Ватан” ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», ки  ба хоҷагии деҳқонии “Ватан”  мутаҳид мебошад дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.

Читайте также  Пешпардохт кунед: даъвати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз патентдорҳо