Дар Қубодиён постгоҳи марзии Уштурмулло ифтитоҳ шуд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Дар Қубодиён постгоҳи марзии Уштурмулло ифтитоҳ шуд

Дар ноҳияи Қабодиён воқеъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон посгоҳи марзии Уштурмулло ифтитоҳ карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт ҳамроҳ бо фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, дар маросими кушодашавии посгоҳи марзии Уштурмулло дар ноҳияи Қабодиён, воқеъ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон иштирок намуд.

Дар ин бора Сафорати амрико дар Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, посгоҳи нав, ки аз ҷониби Бюрои байналмилалии мубориза бо маводи мухадир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти Давлатӣ ба маблағи 500 ҳазор доллар маблағгузорӣ шудааст, иборат аст аз сарбозхонаҳо, идораи афсарон, ҳоҷатхона, ошхона, чоҳи об ва обанбор барои нигоҳдории об.

Международные авиа грузоперевозки

Иншооти мазкур маскани се афсар ва 35 сарбози қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон хоҳад буд. 

Посгоҳи Уштурмулло, ки дар асоси созишнома бо Дафтари Созмони Милали Муттаҳид доир ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ сохта шудааст, барои истифода омода аст ва бо лавозимоти рӯзғор, катҳои хоб, асбобу ашёи ошхона ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

“Кордори Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт зимни суханронии худ аз аҳамияти кори сарҳадбононро таъкид ва дастгирии Амрикоро аз ҳукумати Тоҷикистон дар ҳимояи марзҳои худ тасдиқ намуд”, – таъкид намудааст манбаъ.

Сафорати Амрико афзудааст, ки Тоҷикистон шарики муҳимми стратегияи Осиёи Ҷанубии Амрико ба ҳисоб рафта, ки ҳадафи он беҳтар кардани амният, субот ва осоишӣ дар саросари минтақа аст.

Дар ҳамин ҳол, сафорат Аамрико таъкид намудааст, ки ҳукумати кишвараш ҳамкорҳояшро бо Тоҷикистон барои дастгирии амнияту суботи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ идома меёбад. 

Читайте также  Чин гуфт таваҷҷуҳи тоҷикон ба забони чинӣ ба маротиб зиёд шудааст