Фурӯши ангишти Тоҷикистон дар дохилу хориҷ: кӣ истихроҷ карду кӣ харид?

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Фурӯши ангишти Тоҷикистон дар дохилу хориҷ: кӣ истихроҷ карду кӣ харид?

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз истихроҷи 1 миллиону 551 ҳазор тонна ангишт дар 10 моҳи соли равон хабар дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 85 ҳазор тонна зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технология, аз ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт 53,1 % ба корхонаи “Шахтаи Фон-Яғноб”, 19,3 % ба Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Корхонаи металлургии Тоҷик”, 14,4 % ба ҶДММ “Талко- Ресурс”, 5,3 % ба КФ “Зиддӣ”, 3,2 % ба ҶСК “Ангишт” ва  4,7 % ба дигар корхонаҳо рост меояд.

“Мувофиқи ҳисобот фурӯши  ангишт  тайи 10 моҳ бо назардошти бақияи соли сипаригардида 1 миллиону 581 ҳазор тонна, аз ҷумла ба Маркази барқу гармидиҳӣ – 746,7 ҳазор тонна (ё 47,2 %), корхонаҳои саноатӣ – 642 ҳазор тонна (40,7 %), аҳолӣ- 98,5 ҳазор  тонна (6,2 %),  муассисаҳои буҷетӣ – 54,6 ҳазор тонна (3,4 %) ва содирот 39,4 ҳазор тоннаро (2,5 %) ташкил дод”, – омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Международные авиа грузоперевозки

Манбаъ таъкид кардааст, ки хариди ангишт тайи моҳҳои гузаштаи соли равон нисбати соли пешӣ 211,7 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Вазорати саноат дар мавриди содирот афзуд, ки 39 ҳазору 406 тонна ба маблағи 884,3  ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст, ки нисбати соли пешӣ 35 ҳазору 878 тонна зиёд мебошад.

Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби “Комбинати металлургии Тоҷик”  33 ҳазору 88 тонна ба  Покистон ва аз ҷониби “Талко-Ресурс”  2 ҳазору 33,8 тонна барои ширкати  “BLUE BELL GLOBAL VENTURE”-и Узбакистон содир шудааст.

Ба иттилои Вазорат, содироти ангишт ба ҳисоби пулӣ нисбати воридот 302,5 ҳазор доллари амрикоӣ, ё 2,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago