Парвиз Тӯхтасунов, ки дар Русия мансабдор шуд, кист?

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Парвиз Тӯхтасунов, ки дар Русия мансабдор шуд, кист?

Ҷавони тоҷик Парвиз Тӯхтасунов дар Русия мақом гирифт. Ӯ ба рушди тамоми хизматрасониҳои давлатии “Росреестр”-и Русия ҷавобгар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Павриз Тӯхтасунов, як зодаи Тоҷикистон мудири идораи “Росреестр”-и Русия таъин шуд. Дар ин бора дафтари матуботии ниҳод хабар додааст.

“Ӯ ӯҳдадор шуд, ки идораро рушд дода, “Росреестр”-ро ба яке аз ширкатҳои пешрафтаи хизматрасонии соҳаҳои технологияи иттилоотӣ табдил диҳад. Тӯхтасунов ба рушди тамоми хизматрасониҳои давлатии “Росреестр” дар намуди электронӣ ӯҳдадор аст”, – омадааст дар иттилои манбаъ.

Тавре дар хабар гуфта мешавад, ӯ ду соли охир дар идораи “Росреестр” ба рушди зерсохторҳои технологияҳои иттилоотӣ машғул буд. Зери идораи ӯ чанд тарҳи “Росреестр” бомуваффақият амалӣ шуданд.

Международные авиа грузоперевозки

“Аз ҷумла лоиҳаи “3D-кадастр”, тарҳи рушди хизматрасонии электоронии “Жизненные ситуации” зери идораи Тӯхтасунов амалӣ гардиданд”, – афзудааст ниҳод.

Парвиз Тӯхтасунов соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, аз соли 1992 дар Маскав зиндагӣ мекунад. Аз соли 2011 то соли 2016 дар сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ фаъолият кардааст.

Августи соли 2016 муовини мудири “Россельхозземмониторинг”  таъин гардид, ки дар ин вазифа ба рушди масоили IT-зерсохторҳои идора ва ташкили низомҳои иттилоотии давлатии заминҳои хоҷагии қишлоқ машғул буд. Аз соли 2016 то моҳи ноябри соли 2018 Парвиз дар вазифаи мушовири мудири “Росреестр” фаъолият бурдааст.

Парвиз Тухтасунов соли 2008 Академияи тиббии ба номи Сеченови шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Баъдан шомили Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов гашта, онро бо ихтисоси “молияи корпоративӣ” хатм кардааст.

Тӯхтасунов бо фармони Максим Орешкин, вазири рушди иқтисод ва савдои Русия, ба вазифаи раиси “Росреестр” таъин шуд.

Читайте также  Дар бозор касе пуламро намегирифт: хотироти Сёмин мураббии пешини “Помир”