Раҳмон пуштибонияшро аз мансабгирии Зас баён дошту ваъдаи кумакро хотиррасон кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Раҳмон пуштибонияшро аз мансабгирии Зас баён дошту ваъдаи кумакро хотиррасон кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус, Станислав Зас ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, таъмини амнияту бехатарӣ ва суботу оромии минтақавиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот  ҳамкориҳо дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва мавзӯи таъин гардидани котиби генералии созмони мазкурро баррасӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои дастгирии номзади Ҷумҳурии Беларус ба ин мансаби сермасъул иброз доштааст.

Международные авиа грузоперевозки

Қаблан  расонаҳо иттилоъ доданд, ки Станислав Зас яке аз номзадҳои пешниҳодкардаи Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус ба мақоми котиби генералии СААД мебошад.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Станислав Зас ҳамоҳангсозии тадбирҳои давлатҳои узви СААД дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромилӣ зарур хонда шудааст.

Инчунин зимни мулоқот аз созиш дар доираи СААД барои кумак дар ҳифзи сарҳад бо Афғонистон зикр шуда, таъкид гардидааст, тавофуқҳои ҳосилшуда бояд татбиқ гарданд.

“Барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ татбиқи мувофиқаҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба дастомада, аз ҷумла қарори расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии Созмон ба шумор меравад, ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои марбутаи корӣ ва тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳим шуморида шуд”, – омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

5 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

5 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

5 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

5 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

5 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

5 years ago