Шарҳи Кумитаи олимпӣ: кӣ медал оварду ҷоизапулии раисиҷумҳурро мегирад?

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Шарҳи Кумитаи олимпӣ: кӣ медал оварду ҷоизапулии раисиҷумҳурро мегирад?

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо зикри пешниҳоди 74 варзишгар барои дарёфти ҷоизаи Президент номи гуруҳи номзадҳоро, ки соли 2018 аз мусобиқаҳои байналмилалӣ бо медал баргаштанд, ироа кардааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, миёни онҳое, ки барои дарёфти ҷоизаи раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, аз ҷумла ҷоизадорони Бозиҳои Осиё-2018 – Дилшод Назаров, Шаҳриёр Даминов, Хоҷазода Беҳрӯз, Комроншоҳ Устопириён, Шакармамад Мирмамадов ҳастанд.

Международные авиа грузоперевозки

Манбаъ афзуд, ки дар асоси Низомномаи ҷоизаи мазкур, барандагони медали нуқраи Бозиҳои Осиё бо 100000 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ бо 50000 сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Кумитаи миллии олимпӣ,  дастовардҳои дигари варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2018 –ро медалҳои тиллои Хушқадам Хусравов ва биринҷии Акмалиддин Каримов, Хоҷазода Беҳрӯз, Сорбон Латифов дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи самбо ном бурдааст.

Миёни ҷоизадорони дигари мусобиқаҳои байналмилалӣ, Кумитаи олимпӣ медали биринҷии Моҳру Ҳалимова дар чемпионати Осиё оид ба таеквондо, 2 медали тиллои Шаҳриёр Даминов, 3 медали биринҷии қайиқронҳои тоҷик дар ҳайати даставӣ дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, медали биринҷии Бахтовар Ҳасанов дар чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-румӣ миёни ҷавонон, медали нуқраи Идимоҳ Холова ва биринҷии Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон, медалҳои нуқраи Фирӯз Мирзораҷабов, Ҳабибҷон Зуҳуров ва биринҷии Раҳмонҷон Маҳмадбеков, Асламҷон Азизов дар чемпионати Осиё оид ба гуштини озод ва юнонӣ-румӣ миёни наврасон, медалҳои нуқраи Сулаймони Ҷамшед, биринҷии Фарорун Мирзошоев, Ғаниҷон Ғаниев, Эмомризо Қурбонов дар чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон, медалҳои нуқраи Хайёмиддин Ҷабборов, Ҷаҳонгир Маҷидов, биринҷии Давлаталӣ Назаралиев дар чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон, медали нуқраи Разавӣ Навбаҳоров дар чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, медали нуқраи тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати Осиё ва ғайраро зикр кардааст.

Читайте также  Нохушии маргбор: лӯлаҳои обгузар дар Маскав се муҳоҷирро зер карданд

Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон кардааст, ки бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон 9 январи соли 2015 фармони раисиҷумҳур “Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” ба имзо расид, ки ҳамон сол 21 нафар, соли 2016 чордаҳ нафар ва соли 2017 бисту шаш нафар соҳиби ин ҷоиза гардиданд.