Вокуниши Кумитаи дин ба гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Амрико

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Вокуниши Кумитаи дин ба гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Амрико

Кумитаи дини Тоҷикистонро гузориши Вазорати корҳои хориҷаи Амрико доир ба озодиҳои диниро мисли гузоришҳои қаблӣ хонда, муаллифон дар истифодаи матолиби “матбуоти зард”айбдор намудааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ахиран дар сомонаи Кумитаи дини Тоҷикистон вокуниши ба хулосаҳои гузориши навбатии Вазорати корҳои хориҷаи Амрико доир ба озодиҳои динӣ нашр гардидааст.

Дар врокуниши мазкур Кумитаи дини Тоҷикистон гузориши мазкурро ғайримунсифона хонда, талаб намудааст, ки дар оянда ин ниҳод хулосаҳои воқеъбинона ва асоснокро пешниҳод намояд.    

Ба гуфтаи кумитаи дини Тоҷикистон гузориши навбатии Департаменти давлатии Амрико доир ба озодиҳои динӣ ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки ин гузориш нусхаи асли гузоришҳои қаблӣ буда, чун ҳарвақта бидуни ҳеҷ гуна таҳилили воқеӣ аз вазъи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон дар Тоҷикистон таҳия шудааст ва муаллифон аслан матолиби “матбуоти зард”-ро сарчашмаи кори худ қарор додаанд.

1. Дар ин гузориш иттиҳомоти беасосе вуҷуд дорад. Масалан, гӯё мақомоти Тоҷикистон кӯшиши ҷорӣ намудани маҳдудият дар рӯзадории мардум мекунад, ё худ қонунҳои Тоҷикистон адои намозро танҳо дар чаҳор ҷо (Ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутааллиқ, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо – вобаста аз хусусиятҳои эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода мешаванд. Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳоидяҳои динӣ, моддаи 20.”). Дар ҳамаи давлатҳои дунё дар робита ба гузоридани намоз тартиби муайяне вуҷуд дорад. Яъне ҷойи намозгузорӣ бояд мушаххасу дақиқ бошад. Дар Қонун ҳамаи ҷойҳои лозима барои гузоштани намоз мушаххас зикр шудааст. Умуман, аз матни гузориш маълум аст, ки гузоришгарон ҳамаи ин иттиҳомотро аз куҷое шунидаанд ва аслан худ доир ба вазъи воқеии озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар Тоҷикистон ҳатто тасаввурот надоранд.

Международные авиа грузоперевозки

2. Дар гузориш иддао мешавад, ки дар Тоҷикистон бидуни “иҷозатнома”-и махсус гузоштани риш манъ мебошад. Ин хабари дурӯғро чанд сол пеш ашхоси манфиатдоре дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда буданд, ки дар ниҳоят Прокуратураи Генералӣ нисбат ба ин қазия парванда боз намуда буд. Яъне, бо бовар кардан ба ин хабар ва чунин мавқеъ гирифтан то куҷо фарқ байни Департаменти давлатии Амрико ва чанд фейке, ки ин хабарро паҳн карданд, боқӣ мемонад? Оё дақиқияти иттилоъро аз мақомоти расмии Тоҷикистон пурсон шудани Департамент кори мушкил аст?

3.Ниҳоде чун Департаменти давлатии Амрико дар гузоришаш аз мавқеи гурӯҳҳое, ки бо қарори Суд ҳамчун ҷараёнҳои ифротию террористӣ шинохта шудаанд, ҳимоя кардааст, ки боиси тааҷҷуб аст. Ҳимояи рӯирости муаллифони гузориши аз ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ ба зеҳни кас суолҳои зиёдеро пайдо месозад.

4. Яке аз далелҳои дигаре, ки ноогоҳоии муаллифони гузориш аз вазъи воқеии Тоҷикистонро собит месозад, ин дар рӯйхати “маҳдудиятҳои динӣ” қарор додани маросимҳое чун “гаҳворабандон” тӯю азодорӣ, таваллуди кӯдак ва амсоли он мебошад. Бо як суол ба ин даъвои подарҳави муаллифон посух гуфта мешавад: Дин куҷою гаҳворабандон куҷо?. Ба самъи гузоришгарони муҳтарам мерасонем, ки гаҳворабандон ва маросими дигари мазкур аслан динӣ набуда, дар муҳити Тоҷикистон чун маросимҳои оилавӣ шинохта шудаанд. Дигар ин ки мардуми Тоҷикистон ҳоло зарурат ва нафъи Қонунии миллии худро дарк кардаанд ва ҳеҷ эҳтиёҷе ба “ҳимоя”-и дигарон дар ин робита вуҷуд надорад.

5. Таъйини маош ба имомхатибон ҳам аз ҷониби худи имомхатибон ва ҳам аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ҳамчун идомаи ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ин қишри аҳолии мамлакат дониста мешавад ва он маънии маҳдудсозии ҳеҷ гуна ҳуқуқу озодиҳоро надорад. Аммо дар масъалаи мавъизаҳо, ки дар гузориҳои худ ҳамеша Департаменти мазкур “нигаронӣ” мекунад, ҳамин нуктаро бояд ба назар гирифт, ки ҳоло ин таҷриба дар аксари кулли кишварҳои исломӣ амалӣ мегардад ва натиҷаҳои хубу назаррас ҳам дорад. Муҳим роҳнамоии мусулмонон ба роҳи рост ва амалҳои нек аст. Муҳим ин аст, ки минбари масоҷид суиистифода нашавад.

“Дар умум, нашри чунин гузоришҳои ғайримунсифона ва хулосаҳои якҷониба метавонад ба обрӯ ва мавқеи Департаменти Амрико латма занад ва боиси коҳиши эътимоди кишварҳо ва ҷомеаҳо нисбат ба он гардад. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин ҳамеша манфиатдори ҳамкорӣ бо ниҳодҳои алоҳида, махсусан Департаменти давлатии Амрико оид ба озодиҳои динӣ мебошад, то дар оянда ин ниҳод хулосаҳои воқеъбинона ва асоснокро пешниҳод созад”, – таъкид намудааст Кумитаи дини Тоҷикистон.

 

 

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago