Зарба ба обрӯйи давлат: нигаронии Назаров ва масъулини дигар аз истифодаи “допинг”

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Зарба ба обрӯйи давлат: нигаронии Назаров ва масъулини дигар аз истифодаи “допинг”

Истифодаи доруҳои мамнуъ аз ҷониби бархе варзишгарони Тоҷикистон мояи нигаронии роҳбарияти бахши варзиши кишвар гардидааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи машваратии масъулини федератсияҳои варзишӣ ва мураббиён, ки таҳти раёсати Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи олимпии Тоҷикистон баргузор гардид, истифодаи доруҳои мамнуъ маҳкум шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, масъулин нақшаи ягона барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои олимпии Токио-2020 ва омодагии варзишгарони тоҷикро ба давраҳои интихобӣ баррасӣ намуда, диққати махсусро ба истифодаи доруҳои мамнуъ додаанд.

Кумита афзуд, зимни ҷаласа бо изҳори нигаронӣ зикр гардид, ки таи ду соли охир аллакай 5 варзишгари Тоҷикистон барои истифодаи доруҳои мамнуъ муттаҳам шуданд.

Международные авиа грузоперевозки

©
Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанДилшод Назаров на совещании спортивной федерации Таджикистана

“Дар ин масъала мураббиён бояд бо варзишгарон кор баранд, бо рӯйхати доруҳои мамнуъ, ки дар сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ дастрас аст, шинос шаванд. Истифодаи доруҳои мамнуъ на танҳо бар зарари варзишгар аст, балки боиси коста шудани обрӯи давлат дар арасаи ҷаҳон мегардад”, – иттилоъ додааст Кумитаи миллии олимпӣ аз қавли ҳозирини ҷаласа.

Дар ин ҳамоиш инчунин маблағгузории иштироки дастаҳои мунтахаби кишвар дар мусобиқаҳои интихобӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ гардидааст.

Мусобиқаҳои интихобӣ аз рӯи баъзе намудҳои варзиш алакай оғоз гардиданд. Мусобиқаҳои интихобӣ аз рӯи аксари намудҳо соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Раёсати бахши варзиши кишвар федератсияҳо ва мураббиёнро муваззаф кардааст, ки  варзишгарон ба мусобиқаҳо ҷиддӣ омодагӣ бубинанд ва барои дарёфти роҳхат талош кунанд.

Читайте также  Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо вазъи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ кардан