Боз қурбонӣ баъди нигарониҳо: кӯдак дар Данғара зери “Мерседес” монд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Боз қурбонӣ баъди нигарониҳо: кӯдак дар Данғара зери “Мерседес” монд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар ноҳияи Данғара хабар дод, ки боиси ҳалокати кӯдаки 9-сола гардидааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 28-уми ноябр тахминан соати 11:30 рух додааст, ки дар натиҷа Тоҷиев Музамин, соли таваллудаш 2009, сокини деҳаи Ғиҷовак, хонандаи синфи 3-юм ба ҳалокат расидааст.

Международные авиа грузоперевозки

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Баҳриддини Нурӣ Маҳмадализода, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Корез ба самти деҳаи Ғиҷоваки ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Тоҷиев Музамин Абдусатторовичро зер кардааст”, – омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа Тоҷиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони мақомоти умури дохилӣ Данғараро дар феҳрасти шаҳру навоҳие ном бурд, ки садамаҳои маргбор дар он зиёд рух медиҳанд ва таъкид намуда буд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо чораандешӣ шавад.

Читайте также  Вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири тозатаъйини Чинро қабул кард