AVIA Чартер - приложение для заказа джета
Имтиёз барои хориҷиён: дар Русия ба муҳоҷирон низ сармояи беҳдошти модар ва кӯдак медиҳанд
Вазорати меҳнати Русия тарҳи қонунеро пешниҳод мекунад, ки мувофиқи он ба муҳоҷироне, ки тоза шаҳрвандӣ ба даст меоранд, сармояи беҳдошти модар ва кӯдак (материнский капитал) дода мешавад
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Муҳоҷироне, ки бо кӯдаконашон ба Русия кӯчида, барои тамоми аъзоёни хонаводаашон шаҳрвандӣ мегирианд, ҳуқуқи гирифтани сармояи беҳдошти модар ва кӯдакро пайдо мекунанд, омадааст дар тарҳи қонуне, ки Вазорати меҳнати Русия пешниҳод мекунад.
Бино бар қонунгузории ҷории Русия, шаҳрвандони кишвар дар ҳоле ҳуқуқи гирифтани сармояи беҳдошти модар ва кӯдакро доранд, ки фарзанди дувум ба дунё оранд.
Международные авиа грузоперевозки
Дар ҳамин ҳолат хонаводае ин сармояро гирифта метавнад, ки дар он на танҳо волидон, балки фарзандон низ шаҳрванди Русия бошанд.
Бо далеле, ки қонун “Дар бораи шаҳрвандӣ” шаҳрвандиро на танҳо аз рӯи таваллуд муайян мекунад, пас муҳоҷирони шаҳрванди Русия шуда низ, ба таври автоматӣ аз пардохтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сармояи модар ва кӯдак бархурдор мешаванд.
Пештар бархе аз мансабдорони Русия ин мантиқро қабул надоштанд. Тарҳи қонуни Вазорати меҳнат маҳз раванди ба муҳоҷирони шаҳрвандигирифта додани сармояи модар ва кӯдакро ба тартиб медарорад.
Ёдрас мешавем, пештар Вазорати умури дохилаи Русия пешниҳод карда буд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи истиқоматии бемӯҳлат, ки то соли 2002 ҷорӣ буд, баргардонида шаванд.
Тарҳи қонуни мазкур охирҳои моҳи ноябр ба Ҳукумат пешниҳод гардид.
{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…
{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…
{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…
{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…
{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…
{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM оперативно организует рейс в нужный…