Тавсифи Шодихон Ҷамшед аз беморхонаи 24 миллион долларии Оқохон дар Хоруғ

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Тавсифи Шодихон Ҷамшед аз беморхонаи 24 миллион долларии Оқохон дар Хоруғ

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон аз Маркази ташхису табобатии муосир дар Хоруғ, ки бо 24 миллион доллари Бунёди Оқохон бунёд шуд, тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Маркази тиббӣ феълан ба хизматрасониҳои  машваратӣ ва ташхисӣ шурӯъ намуда, аз моҳи апрели соли 2019  дар Марказ  бахши статсионарӣ пурра ба фаъолият оғоз менамояд, хабар додааст “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ  марказ дорои 52 кати хоб буда, барои табобати беморон шароити сатҳи баланди муолиҷа фароҳам гардидааст. Таҷҳизоти муосири Марказ имконият медиҳанд, ки ташхиси беморон дақиқу дуруст гузаронида шавад.

Международные авиа грузоперевозки

Барои сохтмони он Бунёди Оқохон 24 миллион доллар ҷудо намуд, ки  беш аз 15 миллион доллари он барои хариди таҷҳизот сарф гардидааст.

Шодихон Ҷамшед ҳангоми ифтитоҳи маркази мазкур изҳор доштааст, ки “бунёди ин марказ яке аз намунаҳои беҳтарини ҳамкории Ҳукумати кишвар бо бахши хусусӣ ба хотири баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст”.

Ӯ афзудааст, ки аз хизматрасонии ин марказ ҳамчунин сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ баҳраманд хоҳанд гашт. 

“Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо ҳамсояҳои дуру наздики худ равобити мутақобилан судманд ба роҳ монад ва ҳарду ҷониб аз ин ҳамкорӣ манфиати баробар бардоранд. Ин муассисаи тиббӣ дар минтақа ҳамчун як маркази  устувори соҳаи тандурустӣ хизматрасониҳои  тиббиро бо сифати баланд ва сари вақт ба ниёзмандон пешкаш менамояд”, – изҳор доштааст Шодихон Ҷамшед.

Феълан дар Маркази тиббӣ 56 мутахассиси  соҳибтаҷриба ба кор қабул шуда, дар сурати пурра ба кор оғоз кардани он шумораи табибон ба 130 нафар расонида шуда, дар бахшҳои мухталиф ба маризон хизмати тиббӣ хоҳанд расонд.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago