Интернет дар ВМКБ барқарор шуд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Интернет дар ВМКБ барқарор шуд

Интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки баъди ҳамоиши эътирозии 6 ноябр дар Хоруғ қатъ шуда буд, 22 ноябр барқарор гардид

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар ин бора корбарони интернет аз навоҳии Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.

Международные авиа грузоперевозки

Ба иттилои мусоҳибон интернети мобилӣ дар шаҳру навоҳии ВМКБ шоми имрӯз барқарор гардид.

“Интернет ҳоло чандон муназзам ва устувор нест. Пайдо шуд, аммо ҳанӯз каме мушкил дорад. Гоҳо гум мешавад”, — изҳор дошт як корбари интернет аз Хоруғ.

Ба гуфтаи корбарон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук низ барқарор шудааст.

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Фейсбуку Ютуб дар пайи ҳамоиши эътирозии 6 ноябр дар шаҳри Хоруғ масдуд шуда, дар навоҳии ВМКБ хадамоти интернетрасонӣ пурра қатъ гардида буд.

Читайте также  Иттиҳодияи Аврупо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани “Чакан”-ро дастоварди муҳим донист