Ҳушдори генерал ва вакили тоҷик аз ҳамлаҳои нави террористӣ – диверсионӣ дар Тоҷикистон

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ҳушдори генерал ва вакили тоҷик аз ҳамлаҳои нави террористӣ – диверсионӣ дар Тоҷикистон

Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Брюссел аз эҳтимоли ҳамлаҳои нави террористӣ – диверсионӣ дар кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Генерал-майори милиса Маҷидзода, ки қаблан дар мақомҳои баланди Вазорати умури дохилии кишвар кор кардааст, дар ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел дар мавриди Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ суҳбат карда, аз вуруди наҳзатиҳои мусаллаҳ ба кишвар ҳушдор додааст. 

Тибқи иттилои сомонаи Маҷлиси намояндагон, Маҷидзода намояндагони Иттиҳоди Аврупоро бо шароити фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон шинос карда, иттилоъ додааст, ки феълан дар кишвар 7 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 6 ададашон дар парлумон намоянда доранд.

Дар мавриди ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Маҷидзода изҳор доштааст, ки ҲНИ дар интихоботи солҳои 2005 ва 2010 ду ҷойӣ дар парлумон ба даст овард.

Международные авиа грузоперевозки

Ӯ афзудааст, ки солҳои охир ба далели даст задани бархе аз аъзои ҳизб ба аъмоли террористӣ – экстремистӣ нуфузи ҳизб миёни аҳолӣ поин рафт. Котиботи Маҷлиси намояндагон иттилоъ додааст, ки Маҷидзода бо овардани мисолҳо далели мамнуъ шудани фаъолияти ҲНИ-ро ба намояндагони Иттиҳоди Аврупо шарҳ додааст.

Тибқи иттилоияи Маҷлиси намояндагон, Маҷидзода даст доштани ҲНИ-ро дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистонро ҳамчун далел ироа намудааст.

Генерал – вакили тоҷик ҳушдор додааст, ки дар вазъи феълии Тоҷикистон ояндаи наздик эҳтимоли ба қаламрави кишвар ворид шудани гуруҳҳои мусаллаҳи ҲНИ ва анҷоми амалҳои террористӣ – диверсионӣ аз сӯи онҳо вуҷуд дорад ин вазъ омодагӣ барои вокуниш ба тахрибкориҳоро талаб мекунад.

Читайте также  Барномаҳои солинавӣ дар шаҳри Хуҷанд аз 15 декабр шурӯъ хоҳанд шуд

“Дар маҷмуъ вазъи дохилии сиёсии Тоҷикистон муътадил буда, дар сатҳи миллӣ барномаҳо барои ошкор, пешгирӣ ва бартарафкунии амалҳои террористӣ амалӣ мешаванд”, – изҳор доштааст Маҷидзода.

Ӯ бо зикри вазъ дар минтақа ва дурнамои ҳаводис зарур хондааст, ки алайҳи таҳдидҳои муосир муборизаи муштарак бурда шавад.

Маҷидзода таъкид намудааст, ки рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои узви парлумони Аврупо самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.