Ғайриинтизор: Даниэл Рустамов аввал мағлуб ва сипас пирӯз шуд – Навор

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ғайриинтизор: Даниэл Рустамов аввал мағлуб ва сипас пирӯз шуд – Навор

Даниэл суруди Jah Khalib “Лейла”-ро иҷро кард ва ба давраи дигари лоиҳаи мусиқии “Голос” гузашт. Аммо ин пирӯзии вай ғайриинтизор буд, зеро аввал ҳама фикр карданд, ки мағлуб шуд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Овозхони тоҷик Даниэл Рустамов ба давраи навбатии”Голос” озмуни мусиқии телевизиони Русия роҳ ёфт.

Рафти озмунро дар шабакаи аввали Русия ба таври мустақим шаби ҷумъа намоиш доданд. Ин давраи озмун “Нокауты” (аз зарбаи хариф ба муддати беш аз 8 сония гаранг шуда мондан ё аз хуш рафтани бексёр) ном дошт.

Дар ин давра се овозхон – довталабон иштирок мекарданд. Устоди онҳо аз байнашон бояд як нафарро интихоб мекард. 

Даниэл суруди овозхони рэпсаро Jah Khalib “Лейла”-ро иҷро кард. Суруд аз албоми “Если че, я Баха” (Номи ман Баха)-и рэпсаро аст, ки номи аслияш Бахтиёр Мамедов мебошад.

Международные авиа грузоперевозки

Пас аз баромади се овозхон аз ҳайъати ҳакамон мусиқинавоз Баста гуфт, ки ба Рустамов каме эҳсосот намерасид. Сергей Шнуров гуфт, ки ба вай тамоми довталабон хуш омаданд ва барояш якеро интихоб кардан мушкил аст.

Устоди гурӯҳ Ани Лорак изҳор дошт, ки бо шогирдонаш ифтихор мекунад ва онҳо ҳама заҳмат кашиданд. 

 “Ҳамаи шумо ҳунарманди ҳақиқиед”, – изҳор дошт вай.

Аммо Лорак барои Уку Сувистеро интихоб кард ва пирӯзӣ насиби ин ҳунарманд   шуд. Даниэл бояд саҳнаро тарк мекард, аммо дар ҳамин вақт садои занги Сергей Шнуров баланд шуд ва ин маънои онро дошт, ки Даниэл ба давраи дигари лоиҳа мегузарад.

Пештар Ани Лорак ёдрас шуда буд, ки мувофиқи тартиботи озмун ҳакамон метавонанд яке аз овозхонҳоро интихоб кунанд.

Читайте также  Бозгашти “модератор”-и созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ба Тоҷикистон

Ҳамин тавр, Даниэл Рустамов дар давраи навбатии “Голос” низ ҳунарнмоӣ хоҳад кард.