Бангдонаро ба хонаи шиносаш монду ба милиса хабар дод: тӯҳмати “дӯст” дар Мастчоҳ

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Бангдонаро ба хонаи шиносаш монду ба милиса хабар дод: тӯҳмати “дӯст” дар Мастчоҳ

Алӣ Иброҳимзода, сокини ноҳияи Мастчоҳ баъди баҳсу мунозира бо як ҳамдеҳааш як халта бангдонаро дар манзили ахирон пинҳон карда, сипас ба милиса хабар додааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Мастчоҳ марди 45-солаеро ба иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам, Алӣ Иброҳимзода, сокини деҳаи Палдорак баъди баҳсу мунозира бо шиносаш Фахриддин Ҳотамов бо  мақсади ғарази шахсӣ  як халта маводи мухаддир дар хонаи ахирон пинҳон карда, сипас ба милиса дар бораи мавҷуд будани бангдона дар манзили Ҳотамов хабар додааст.

Международные авиа грузоперевозки

Кормандони Вазорати умури дохила дар ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми тафтиши каҳдони манзили Фахриддин Ҳотамов, аз зери хошокҳои хушкшуда халтаи маводи мухаддирро пайдо кардаанд.

Аммо тафтишот муайян кардааст, ки маводи мухаддири аз манзили Ҳотамов пайдогардида ба вай тааллуқ надошта, балки онро худи марди “хабаркаш” пинҳон карда, тӯҳмат кардааст.

Мувофиқи хулосаи тафтишот, вазни бангдонаи пайдогардида 1 килову 244 грамро ташкил медиҳад.

Нисбати Алӣ Иброҳимзода, ки соли 1998 бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноӣ суд шуда будааст, бо моддаи 200 КҶ (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир) парвандаи ҷиноӣ боз шудаст.

Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 5  соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Читайте также  Ёдгор Файзов: сокинони ВМКБ аз кору муносибати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД розианд