Ду қурбонӣ дар пайи садамаҳои маргбори ду рӯзи ахир дар роҳҳо

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Ду қурбонӣ дар пайи садамаҳои маргбори ду рӯзи ахир дар роҳҳо

Дар пайи садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон дар ду рӯзи ахир ду тан ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд

Международные авиа грузоперевозки

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаҳои маргбори рӯзҳои 29 ва 30-уми ноябр хабар додааст. Дар ду рӯзи ахир дар пайи ҳодисаҳои нохуш дар дар роҳҳои Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расидаанд.

 Бино бар иттило манбаъ, рӯзи 29-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-520”, Абдусатторзода Алӣ Абдусаттор, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Зарнисори ҳамин ноҳия аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Раҷабов Амонулло Азизович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Раҷабов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи “Опел-Вектра” шаҳрвандон: Чақабоев Абдулваҳоб Одилович, соли таваллудаш 1969, Одилзода Насриддин, соли таваллудаш 1994 ва Шерназаров Абдуназар Сафарович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Инчунин, рӯзи 30-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 13:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Маҳмуродов Баҳодур Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба тарафи деҳаи Шаҳристони шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ”, таҳти идораи ронанда, Назаров Абдуалим Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Навниҳол бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Маҳмуродов Тоҷиддин Раҷабмуродович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида ва мусофири дигари он Нозимов Ҷӯрахон, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago