Эълони озмун: Рустам Эмомалӣ ба талабаю донишҷӯёни аълохон ва хушрафтор стипендия медиҳад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Эълони озмун: Рустам Эмомалӣ ба талабаю донишҷӯёни аълохон ва хушрафтор стипендия медиҳад

Шаҳрдории Душанбе барои дарёфти стипендияи раиси пойтахт миёни хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон озмун эълон кард

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, довталабони стипендияи раиси шаҳри Душанбе бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд.

Международные авиа грузоперевозки

“Рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ, таҳсил бо баҳои хубу аъло мувофиқи маълумотномаи хаттии ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он”, – ро шаҳрдорӣ аз шартҳои асосӣ барои довталбони озмун номидааст.

Манбаъ афзуд, довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмун барои стипендияро доранд, бояд то соати 17-00-и 5 январи соли 2019, бо нишони шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 80 асноди заруриро пешниҳод намоянд.

Шаҳрдорӣ дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аризаи довталаб бо дастхати худаш,  тавсиянома аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ,  рӯйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои директор ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст,  3 дона расми андозааш 3х4 ва нусхаи шиноснома, ё шаҳодатномаи таваллудро ном бурд.

Манбаъ таъкид намуд, ки озмун дар шакли санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ тариқи тестӣ гузаронида мешавад ва шаҳрвандон барои иттилои бештар метавонанд тариқи телефонҳои 221 – 72 – 83,  934 – 60 – 30 – 31;    919 – 07 – 66 – 66 муроҷиат кунанд.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago