Кӣ киро мефурӯшад? Генерал дар бораи савдои одамон дар Тоҷикистон

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Кӣ киро мефурӯшад? Генерал дар бораи савдои одамон дар Тоҷикистон

Генерал Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 90 дарсади дастандаркорони савдои одамон, ки тайи даҳ моҳи соли равон боздошт шудаанд, занон мебошанд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Икром Умарзода ҳафтаи равон зимни ҷаласаи парлумон гуфт, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои одамон 49 нафар дастгир шуданд, ки аз ин 5 нафар мард ва 44 нафар зан мебошанд.

Иттилои Умарзода дар мавриди бештар зан будани савдогарони ин бозори ғайриқонунӣ дар ҳолест, ки қурбониён низ занон ва тифлон мебошанд.

Международные авиа грузоперевозки

“Қурбониёни савдои одамон 36 нафар зан ва 10 нафар тифл гардидаанд”, – изҳор дошт Умарзода дар посух ба саволи вакил Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Умарзода ба вакилон тағйирот ба қонун “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро муаррифӣ кард, ки алайҳи савдогарон ва барои дастгирии қурбониён равона шудаанд.

Ӯ афзуд, бар асоси тағйироти нав,  додани мақоми қурбонии савдои одамон, ки то ҳол аз ҷониби Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дода мешуд, содда гардид.

“Дар таҳрири нав мақоми ҳуқуқии қурбонӣ ё ҷабрдидаи савдои одамон аз ҷониби яке аз субъектони бевоситаи муқовимат ба савдои одамон дода мешавад”, – изҳор дошт Умарзода.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти мазкурро қабул намуданд ва он баъди гузаштани расмиёти дигар мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago