Варзишкорони тоҷик дар Алмаато се медал ба даст оварданд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Варзишкорони тоҷик дар Алмаато се медал ба даст оварданд

Варзишкорони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон оид ба “каратэ” дар Алмаато як медали тилло ва ду биринҷӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Алмаато чемпионати ҷаҳон оид ба киодо каратэ-кекушинкай дар доираи ташкилоти байналмилалии International Budokai union Kyodo Kyokushin баргузор гардид.

Ҷасорати варзишкорон ва рӯҳияи мухлисони чемпионатро гуруҳҳои рақсӣ ва ташкилотҳои варзишӣ оид ба каратэ ва таэкван-до баланд бардоштанд. Ҳар касе, ки баромади онҳоро медид мафтуни маҳорату малакаи Шарқиёна мешуд ва мефаҳмид, ки кӣ аст “сенсеи” ҳақиқӣ, мегӯянд ташкилкунандагони мусобиқа.

Международные авиа грузоперевозки

Дар ин чемпионат Тоҷикистонро 5 варзишкор муарифӣ мекард. Ба гуфтаи Саидаҳмад Раҳмонов варзишкорони тоҷик новобаста аз он, ки дар ин навъи варзиш бори аввал дар дар чемпионати ҷаҳон ширкат варзиданд, бо боварӣ ва нишондодҳои хуб баромад карданд.

Дар мусобиқа миёни варзишкорони 14-15 сола ба Нуруҳаммади Аслам дар вазни 55 кг ва Усмон Абдуллоев – 50 кг каме бахт омад накард. Ҳарду дар даври ниҳои шикаст хурда соҳиби медали биринҷӣ гаштанд. Аммо нишондоди беҳтаринро Билолҷон Азимов миёни тоҷикон соҳиб гашт. Ва бо гирифтани медали тилло миёни наврасони 8-9 сола чемпиони ҷаҳон шуд.

“Билолҷон дар майдон бо 4 варзишкор аз Русия, Латвия  ва Қазоқистон муқобилият нишон дод. Аз ҳама мушкилтар даври охирон бо намояндаи қазоқ буд. Дар вақти асоси қаҳрамони асосӣ маълум нашуд ва танҳо дар вақти иловашуда ҳарифи Азимов монда шудан гирифт. Билолҷон бошад аз ин истифода бурда якчанд зарбаҳои хубро ба ҳадаф расонид ва чемпиони ҷаҳон шуд”, – гуфт мураббӣ Саидаҳмад Раҳимов.

Читайте также  Аз рӯзе, ки арчаро шинониданд - дар наздашем: миннатдории сокинон аз Рустам Эмомалӣ-Навор

Ба гуфтаи мураббӣ Билолҷон соли сеюм аст, ки зери роҳбарии ӯ тамрин мекунад.

“Дар давоми се сол Азимов дар ин риштаи варзиш се маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст. Инчунин соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалӣ Бишкек соҳиби медали тилло гашта буд. Фикр мекунам дар оянда вай варзишкори беҳтарин мешавад”, – бо бовари гуфт Раҳмонов.