Вазир: ёрии аввалияи тиббӣ ройгон буд, аст ва мемонад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Вазир: ёрии аввалияи тиббӣ ройгон буд, аст ва мемонад

Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, бо мудирони бахши тандурустии кишвар дар маркази миллии тиббӣ – “Шифобахш” дар масъалаи расонидани ёрии аввалини тиббӣ машварати корӣ баргузор кардааст

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Олимзода дар хитоб ба табибон нигаронии раисиҷумҳурро аз сатҳу сифати ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона дар муассисаҳои шаҳри Душанбе, хотиррасон карда, беҳбуди хадамотро талаб намудааст.

Международные авиа грузоперевозки

Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар”, Насим Олимзода аз сатҳу сифати ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона ибрози нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки ёрии аввалини тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад.

“Аз роҳбарон танҳо талаб карда мешавад, ки вазифаҳои хизматиашонро содиқона иҷро намуда, кумаки беғаразонаи худро ба аҳолӣ расонанд. Аммо, мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки сабаби  норозигии аҳолӣ ва шаҳрвандон мешаванд, бахусус,  шабонгоҳон, ҳол он ки барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ тамоми мавод дар муассисаи тиббӣ бояд муҳайё бошанд”, – иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли вазири тандурустӣ.

Олимзода инчунин  ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ дастур додааст, ки бо беморон ва хешовандони онҳо муомила ва муоширати хуб ба роҳ монанд фаъолияти  шабонаи дорухонаҳои дохили муассиса зери назорат гирифта шаванд.

Вазири тандурустӣ инчунин аз тағйирот ба Кодекси ҷиноии кишвар зикр карда, ҳушдор додааст, ки ҷазои табибоне, ки сабаби гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ мешаванд, сангинтар гардид.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago