Иттиҳодияи Аврупо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани “Чакан”-ро дастоварди муҳим донист

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Иттиҳодияи Аврупо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани “Чакан”-ро дастоварди муҳим донист

Мерилин Йосефсон, намояндаи тозатаъйиншудаи намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон зимни мулоқот бо вазири фарҳанги Тоҷикистон барои ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил намудани “Чакан” мардуми Тоҷикистонро табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо намояндаи навтаъиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон дидору мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги кишвар.

Международные авиа грузоперевозки

Манбаъ таъкид намудааст, ки мулоқоти мазкур санаи 03 декабри соли равон баргузор шудааст.

“Зимни вохӯрӣ хонум Мерилин Йосефсон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишварро ба муносибати аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Чакан” табрик гуфта, инро як дастоварди муҳими миллати тоҷик дар соҳаи фарҳанг арзёбӣ намуд”, — таъкид намудааст манбаъ. 


  • Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо намояндаи навтаъиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон
    ©
    Пресс-служба Министерства культуры РТ

1 / 1
©
Пресс-служба Министерства культуры РТШамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо намояндаи навтаъиншудаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон

Инчунин, тарафҳо зимни суҳбат масъалаи таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва маориф, омода кардани мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи фарҳанг ва санъат баррасӣ намуданд.

Читайте также  Имтиёз барои хориҷиён: дар Русия ба муҳоҷирон низ сармояи беҳдошти модар ва кӯдак медиҳанд