Барқ нест: Тоҷикистон содироти барқро ба Узбакистон қатъ кард

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Барқ нест: Тоҷикистон содироти барқро ба Узбакистон қатъ кард

Ширкати “Барқи Тоҷик” эълом намудааст, ки ба далели камбуди барқ барои масрафи дохилӣ дар Тоҷикистон, содироти барқ ба Узбакистонро қатъ кард

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.  Бино ба гузориши сомонаи “Parstoday”, ширкати “Барқи Тоҷик”  эълон намудааст, ки ба далели оғози фасли сармо ва пойин омадани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва коҳиши мизони оби вурудӣ ба садди нерӯгоҳи барқӣ – обии “Норак” маҷбур шудаанд, ки интиқоли барқ ба Узбакистонро қатъ намоянд.

Содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон бар асоси тавофуқи дуҷониба аз баҳори имсол, пас аз 9 соли танаффус аз сар гирифта шуд ва ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар 9 моҳи гузашта, ҷумҳурӣ ба кишвари ҳамсоя як миллиарду 500 миллион киловатт соат барқ интиқол додааст.

Международные авиа грузоперевозки

Ширкати “Барқи Тоҷик” эълом карданд, ки баҳори имсол имкони содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон пас аз баҳрабардорӣ аз хати дувуми 220 киловатии интиқоли барқи ин кишвар дар вилояти Сурхондарё фароҳам шудааст.

Ҳамчунин имсол сохти хати ҷадиди 220 киловатии интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбакистон дар ноҳияи Исфара оғоз шуд, ки муҷиби афзоиши содироти барқ ба Узбакистон хоҳад шуд.

Қимати ҳар киловатт соат барқи содиротии Тоҷикистон ба Узбакистон 2 сентро ташкил медиҳад.

Таваққуфи содироти барқ ба Узбакистон дар ҳоле аст, ки мардум дар дохили Тоҷикистон бо камбуди барқ рӯбарӯ ҳастанд ва сокинони теъдоде аз навоҳии ин кишвар эълом кардаанд, ки дар соатҳои мушаххасе аз шабонарӯз барқ дарёфт мекунанд ва амалан маҳдудияти интиқоли барқ оғоз шудааст.

admin

Share
Published by
admin

Recent Posts

Аренда яхты в Европе для ваших целей

{:ru}Аренда яхты в Европе – востребованная услуга, которой с удовольствием пользуются и жители Таджикистана, приезжающие…

7 years ago

Аренда и покупка яхты в Европе

{:ru}Аренда яхты в Европе – лучший способ украсить отдых, который вполне могут себе позволить не…

7 years ago

Покупка недвижимости во Франции и оформление ПМЖ

{:ru}Франция – развитая преуспевающая страна со стабильной экономикой и высочайшим уровнем жизни. Нет ничего удивительного,…

7 years ago

Аренда недвижимости во Франции

{:ru}Аренда недвижимости во Франции актуальна для иностранцев из самых разных государств, в том числе и…

7 years ago

Легкая авиация в Таджикистане

{:ru}Малая авиация в Таджикистане – незаменимый помощник в ключевых сферах жизни страны. Здесь чрезвычайно популярны…

7 years ago

Услуги деловой авиации в Таджикистане

{:ru}Хотите сделать заказ частного самолета в Таджикистане? Компания AVIAV TM  оперативно организует рейс в нужный…

7 years ago