Дар Русия барои муҳоҷирон марказҳои омӯзиши забон ва урфу одатҳои русӣ мекушоянд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Дар Русия барои муҳоҷирон марказҳои омӯзиши забон ва урфу одатҳои русӣ мекушоянд

Агар тасмими пешгирифтаи мақомоти Русия дар манотиқи гуногуни кишвар дастгирӣ ёбад, марказҳои робитаҳои байнифарҳангӣ ба муҳоҷирон забон, таърих ва фарҳанги русӣ меомӯзонанд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар манотиқи гуногуни Русия масъалаи ба истифода додани марказҳои равобити байнифарҳангӣ ба хотири мувофиқгардонии муҳоҷирон ба фарҳанг ва урфу одатҳои русӣ баррасӣ шуда истодааст, хабар додааст агентии “Москва”.

Аъзои Шӯрои муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои диннии назди Шӯрои Федератсияи Русия ба агентии федералӣ оид ба корҳои миллӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Русия пешниҳод кардаанд, ки ин масъаларо дида бароянд.

Международные авиа грузоперевозки

Муалифони ин ғоя бар онанд, ки марказҳо бояд ба муҳоҷирон забони русӣ, таърих ва фарҳанги кишварро омӯзонда, онҳоро бо асосҳои ахлоқу одоби муносибатҳои байнишахсӣ, динӣ ва урфу одатҳо дар Русия шинос намоянд.

 Ёдовар мешавем, ки депутатҳои Думаи давлатии Русия чанде пеш лоиҳаи нави қонунгузорӣ дар бораи мувофиқшавии ҷамъиятиву-фарҳангии муҳоҷирон дар Русияро мавриди коркарду омӯзиш қарор дода буданд, ки дар назар аст соли 2019 мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Ба ақидаи масъулини Думаи давлатӣ мақсади пиёда кардани ин қонунгузорӣ – ин беҳтар гардонидани шароитҳо барои ҳам тарафи қабулкунанда ва ҳам муҳоҷирон мебошад.

 

Читайте также  Рустам Эмомалӣ қарори Убайдуллоевро бекор карду ниҳоди нав таъсис дод