Мақоми сафирии Шабнами Сурайё ва суҳбаташ дар бораи силу муҳоҷират – акс

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Мақоми сафирии Шабнами Сурайё ва суҳбаташ дар бораи силу муҳоҷират – акс

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик дар ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи муҳоҷират ва сил изҳор дошт, ки мехоҳад кӯмакашро дар ин бахш бештар расонад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон,  Шабнами Сурайё ба ҳайси сафири ҳусни ният дар нишасти чаҳоруми минтақавии сатҳи баланд мавсум ба “Муҳоҷират ва сил: назорати фаромарзии сил ва ёрӣ дар самти мубориза бо сил дар минтақаи Осиёи Марказӣ” иштирок кард.

© Пресс-служба МОМ / DINARA IBRAIMOVAПевица и посол доброй воли Шабнам Сурайе на встрече в Астане

Международные авиа грузоперевозки

Манбаъ афзуд, Шабнами Сурайё зимни ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар шаҳри Остона баргузор шуд, азмаш барои ироаи кӯмак дар бахши сил ва муҳоҷиратро баён кард.

“Мавзӯи сил бароям бегона нест. Дар зиндагӣ ман бо афроди гирифтори сил вохӯрдаам. Ин мавзӯъ маро ҳамеша нигарон мекард ва вақте ба ман пешниҳод карданд, то сафири ҳусни ният гардам, бо ҷону дил розӣ шудам . Мехоҳам дар ин бора бештар донам ва ба одамон ёрӣ расонам”, – изҳор доштааст Шабнами Сурайё.

© Пресс-служба МОМ / DINARA IBRAIMOVAПевица и посол доброй воли Шабнам Сурайе на встрече в Астане

Ҳамоиши мазкур 5-6 декабр бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор гардида, ошкору табобати бемории сил дар муҳоҷирон ва назорати фаромарзиро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Тоҷикистонро баробари масъулини дигар Шабнами Сурайё ба ҳайси сафири ҳусни ният муаррифӣ кард.

Фаъолият ба ҳайси сафири ҳусни ният миёни афроди муътабар ва шинохта дар ҷаҳон густурда шудааст. Чун эътибору имкониятҳои афроди шинохта бештар асту метавонанд таваҷҷуҳи бештар ба масоили мубрами ҷомеаро ҷалб кунанд, созмонҳои гуногун аз чунин афрод даъват мекунанд, ки ба ҳайси сафири ҳусни ният фаъолият кунанд.

Читайте также  Муҳоҷирони тоҷик ба кишвар беш аз 925 миллион доллар интиқол додаанд