Рустам Эмомалӣ аз 11 моҳи фаъолияташ ҳисобот медиҳад

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Рустам Эмомалӣ аз 11 моҳи фаъолияташ ҳисобот медиҳад

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, 18 декабри соли 2018, соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ вакилини шаҳрро ба иҷлосия даъват кард. Дар ин бора қарори вижаи шаҳрдор ба имзо расидааст.

Международные авиа грузоперевозки

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, 18 декабри соли 2018, соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар маҷлис Ҳисоботи шаҳрдор аз натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар 11 моҳ шунида мешавад.

Ҳамчунин дар маҷлис масоли тасдиқи буҷаи Душанбе дар соли 2019, тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр барасӣ мешавад.

“”Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум тибқи замимаи 2 аз 3 то 14 декабри соли 2018 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд”, – гуфта мешавад дарқарори раиси шаҳр.

Читайте также  Доману шимҳо бо рамзи эҳё: роҳбаладону сарнишинони "Сомон Эйр" либоси нав пӯшиданд