Вакили тоҷик хостори таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба илмҳои дақиқ шуд

AVIA Чартер - приложение для заказа джета


Вакили тоҷик хостори таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба илмҳои дақиқ шуд

Раиси Кумитаи умури иқтисодӣ ва молии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон маҳдудияти омӯзиши улуми иҷтимоӣ ва афзоиши соатҳои дарсҳои илмҳои дақиқ дар ин кишварро хостор шуд.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории “Парс тудэй” Шариф Раҳимзода, вакили тоҷик гуфтааст, ки барои таъмини рушди иқтисодӣ ва илмии Тоҷикистон дар оянда коҳиши соатҳои омӯзиши улуми иҷтимоӣ ва афзоиши соати таълими илмҳои дақиқ зарурат дорад.

Международные авиа грузоперевозки

Вай таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон беш аз ҳад ба шеъру адаб, ҳунар ва фарҳанг таваҷҷуҳ мекунанд ва дар мавриди омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ, химия ва физика камкорӣ мешавад.

Раиси Кумитаи умури иқтисодӣ ва молии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон афзуд: 70 дарсади рисолаҳои докторӣ дар Тоҷикистон ба масоили фарҳангӣ-иҷтимоӣ ихтисос дорад ва замони он расидааст, ки дар ин замина бознигарӣ шавад.

Раҳимзода бо таъкид бар аҳамияти ифтихор ба гузаштаи фарҳангӣ ва адабӣ гуфт: Таваҷҷуҳи беш азандоза ба шеъру адаб ва баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ ва консерту рақс ва аҳамият надодан ба улуми дақиқ барои ояндаи Тоҷикистон хушоянд нест.

Шариф Раҳимзода бо ишора ба 5 соли зиндагиаш дар Аврупо афзуд: Аврупоиён бо алоқа ба ёдгирии улум ва фанновариаҳои ҷадид аз кишварҳои осиёӣ солҳо пеш афтодаанд.
 
 
 

Читайте также  БДА рӯйхати иловагии ронандагони ҷаримагурезро мунташир кард